Нигоро, зи дармондагон ёд мекун

Нигоро, зи дармондагон ёд мекун,
Худоро, зи дармондагон ёд мекун.

Чу дармонда мӯрем афтон ба роҳат,
Саворо, зи дармондагон ёд мекун.

Чу ихлоси аҳли иродат надорӣ
Риёро, зи дармондагон ёд мекун.

Чу бар маҳрамон шарбати васлат афтад
Гуворо, зи дармондагон ёд мекун.

Пайи пурсиши дӯстон чун фиристӣ
Саборо, зи дармондагон ёд мекун.

Раҳи қисмат аз турраи тор-торат
Балоро, зи дармондагон ёд мекун.

Чӣ ёрои Ҷомӣ, ки сӯят нависад,
Ки ёро, зи дармондагон ёд мекун.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»