Донӣ, ки чист бар рухам ин ашки лолагун

Донӣ, ки чист бар рухам ин ашки лолагун,
Ишқат чаконд аз дили ман қатраҳои хун.

Хуни дилам зи оташи туст, омада ба ҷӯш,
Оташ чу тез гашт, зи сар меравад бурун.

Оташ зи об кушта шавад в-ин аҷаб, к-аз ашк
Ҳар лаҳза зиндатар шавадам оташи дарун.

Чашми ман аз хаёли лабат ашкрез ҳаст,
Пурмай суроҳие, ки фитода-ст сарнагун.

Ҳам одамӣ фирефтаи туст, ҳам парӣ
З-ин лаъли пурфасонаву з-ин чашми пурфусун.

Гар оҷизам ба дасти рақиби ту, дур нест
Шери фалак сагони даратро бувад забун.

Ҷомӣ назар ба оразу хатти ту дӯхта-ст,
К-аз обу сабза нури басар мешавад фузун.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»