Ба бустон мегузар в-аз чеҳра гулҳоро хиҷил мекун

Ба бустон мегузар в-аз чеҳра гулҳоро хиҷил мекун,
Ҳамезан ханда в-аз лаб ғунчаҳоро мунфаил мекун.

Биҳил кардан чӣ хоҳӣ, чун кушӣ моро, касе бар ту
Надорад ҳукм, ҳам худ мекушу ҳам худ биҳил мекун.

Нашояд манзили ту з-обу гил, гоҳе, ки меоӣ,
Гузар бар дида, раҳ бар сина, ҷо дар ҷону дил мекун.

Миҷозат мунҳариф¹ мебинам, ай хилватнишин, гоҳе
Ба кӯйи некувон касби ҳавои муътадил мекун.

Лабамро бо лаби ӯ муттасил² кардӣ, хаёл, ай дил,
Чӣ ҷонафзо хаёле кардӣ, инро муттасил мекун!

Нишони по-ш то монад пайи бӯсидан, ай дида,
Ба ҳар роҳе, ки он маҳ меравад, аз гиря гил мекун.

Дилат з-он бут пур, ай Ҷомӣ, ба Каъба рӯ чӣ меорӣ?
Бад-ин дил рӯй дар бутхонаи Чину Чигил мекун!


¹ Мунҳариф – аз ҳолати эътидол баромада.
² Муттасил – пайваст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»