Нигоро, шабе ҳамнишин бош бо ман

Нигоро, шабе ҳамнишин бош бо ман,
Чу бахти мусоид қарин бош бо ман.

Зи рифъат маҳи осмонӣ, замоне
Нишаста ба рӯйи замин, бош бо ман.

Зи андӯҳи ҳиҷрон ҳазин аст ҷонам,
Фараҳбахши ҷони ҳазин бош бо ман.

Туӣ, ҳар чӣ ҳастӣ, киям ман, чиям ман,
Ки гӯям чунон ё чунин бош бо ман.

Русуми мусулмонӣ аз ту нахоҳам,
Зи кофарнажодон чунин бош бо ман.

Ниҳода ба фарқи ҳама дасти роҳат,
Гирифта ба каф теғи кин бош бо ман.

Ба бегонагон чин кушода зи абрӯ,
Фиганда гираҳ бар ҷабин бош бо ман.

Хуш он шаб, ки кардӣ хитобам, ки Ҷомӣ,
На дар банди дунёву дин бош бо ман.

Ба ҳар кор созам, ба ҳар ҳукм ронам,
Яке бандаи камтарин бош бо ман.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»