Биё, ай шуҳра, дар ишқат ба шаҳри ҳусн машҳурон

Биё, ай шуҳра, дар ишқат ба шаҳри ҳусн машҳурон,
Ки ҳам манзури шоҳон бинамат ҳам шоҳи манзурон.

Хуморолудам аз чашмат, лаби холе зи хат бинмо,
Ки бошад бодаи софӣ илоҷи ранҷи махмурон.

Чӣ истиғност ин, ё Раб, ки не парвои наздикон,
Ҳамебинам туро, ай нозанин, не раҳм бар дурон.

Сулаймонвор меронӣ, чӣ ғам дорӣ, агар ногаҳ
Зи наъли бодпоят рахна афтад дар сафи мӯрон.

Табиби ранҷи ишқӣ, сӯйи ҳар дасте мабар дастат,
Мабодо ранҷа гардад з-изтироби набзи ранҷурон.

Гузар бар сокинони савмаа бо ин лаби майгун,
Ки то афтанд дар май он ба зуҳду ту ба мағрурон.

Ба маҳҷурӣ зи васлат гарчи умре канд ҷон Ҷомӣ,
Надида ҳаргиз аз ту раҳмате бар ҳоли маҳҷурон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»