GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ёр ҳар дам сари бозори дигар металабад

Ёр ҳар дам сари бозори дигар металабад,
Чашмҳо чор, харидори дигар металабад.

Кас наёрад, ки зи кораш саре орад берун,
Гарчи ҳар лаҳза сару кори дигар металабад.

Дод бар боди ҳаво дину диламрову кунун
Баҳри ин кор ҳаводори дигар металабад.

Воизам, гӯ, мадеҳ аз накҳати фирдавс хабар,
Дили ман бӯй зи гулзори дигар металабад.

Сад гирифтор ба ҳар ҳалқаи зулфаш беш аст
В-ӯ ба ҳар ҳалқа гирифтори дигар металабад.

Ёфт дил давлати ҷовид ба як дидораш
В-аз Худо давлати дидори дигар металабад.

Ҷомӣ, он маҳ зи ту хуш нест ба васфи дигарон,
Баҳри худ дафтари ашъори дигар металабад.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз он бо кӯҳи ғам Фарҳод даст андар камар дорад
Абдураҳмони Ҷомӣ Зи шавқат сӯхтам, ҳар кас ба кӯят хонае созад
Абдураҳмони Ҷомӣ З-оташи таб маҳи рухсори ту дар тоб мабод
Абдураҳмони Ҷомӣ Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба ман дорад дилат ҷанге, ки дорад
Абдураҳмони Ҷомӣ Боз гул асбоби маъшуқӣ ба бустон соз кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Хабари омадани ёр дилам хуррам кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Саҳар чун абри найсон соябон бар киштзорон зад
Абдураҳмони Ҷомӣ Бо ҷигарсӯхтагон ёр набудӣ ҳаргиз!
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР