Он ки дил дар ҳаваси рӯзи висол аст ӯро

Он ки дил дар ҳаваси рӯзи висол аст ӯро,
Хоби хуш дар сар агар ҳаст, хаёл аст ӯро.

Дил зи чашме чӣ шуд, ар кард суоли назаре,
Чун назарҳост дар он ҷойи суол аст ӯро?

Холи лабҳо-ш ба хуни дили соҳибназарон
Ташна аз чист, чу дар пеш зулол аст ӯро?

Офтоб аз ҳаваси он, ки шавад ҳамсари ӯ,
Истад росту з-он бими завол аст ӯро.

Дили бемори ман аз долу алиф холӣ нест,
То қади чун алифу зулфи чу дол аст ӯро.

Ба ҷигархунии бисёр ба каф кард ғамаш
Хуни ушшоқ, бихӯр гӯ, ки ҳалол аст ӯро.

Ба Камол асту бас ин ҷавру ҷафову ситамаш,
Ин сифатҳо, ки шунидӣ, бакамол аст ӯро.