Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба ман дорад дилат ҷанге, ки дорад

Ба ман дорад дилат ҷанге, ки дорад,
Бизан, гӯ, дар бағал санге, ки дорад.

Нанӯшад май ҷуз аз хуни дили ман,
Зи ман дорад лабат ранге, ки дорад.

Садои нола аст аз раг-раги ман,
Муғаннӣ нағмаи чанге, ки дорад.

Ҷило надҳад ба ҷуз хокистари ман,
Зи хунам теғи ту занге, ки дорад.

Набошад ҷуз ба завқи он даҳон хуш,
Шакар дар гӯшаи танге, ки дорад.

Ба номи ман махон ҳаргиз сагатро,
К-аз ин дорад сагат нанге, ки дорад.

Ба савдои саводи назми Ҷомист,
Сарири килкам оҳанге, ки дорад.