Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо

Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо,
Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо.

Бо ришта ҳама чоке шуд дӯхта в-ин турфа,
К-аз риштаи зулфи ту чок аст гиребонҳо.

То хони малоҳатро орост ба сабзӣ хат,
Афканд лаби лаълат шӯре ба намакдонҳо.

Гар зулф барафшонӣ, дар по фиканӣ дилҳо,
Чун лаб ба ҳадис орӣ, бар бод диҳӣ ҷонҳо.

Дидори рақиб аз дур афзуд маро гиря,
Аз абри сияҳ бошад афзунии боронҳо.

Бемори туро ҳар дам шарбат диҳаду марҳам,
Бе чошнии дардат фарёд зи дармонҳо!

Ид аст, Камол, ар ёр дорад сари қурбонӣ,
«Мо низ яке бошем аз ҷумлаи қурбонҳо»*.


*Мисраъ аз як ғазали Саъдӣ аст.