Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.

Гӯиям: Рав з-ин дару султони вақти хеш бош,
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.

Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.

Гуфтамаш: Дар оби ораз акси рӯятро намо,
Гуфт: Ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро.

Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.

Мункири зуҳдам, ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.

Сӯфиён гӯянд: Чун мо хезу дар рақс о, Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.