Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо

Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо!

Бо ин ки чун чароғ саҳар шуд ҷавонамарг,
Ҳам дер зист муддаии зудмири мо.

Сад ҷон зи мо ситонду ба як бӯса ваъда дод
Бисёрбахш дилбари андакпазири мо.

Дар дил ба қадри зарра нагунҷад хаёли ғайр,
К-аз меҳри ӯ пур аст замири мунири мо.

То кай дуои васли камонабрувон кунем?
Чун бар нишона ҳеч наяфтод тири мо.

Ҷонро чу нест аз тану танро зи ҷон гузир,
Аз мо ҷудо машав дигар, эй ногузири мо.

Дорем сабри андаку беш аз шумор шавқ,
Пӯшида нест аз ту қалилу касири мо.

Рӯзи ҳисоб ғам нахурем аз гунаҳ, Камол,
Гар иқди зулфи ёр бувад дастгири мо.