GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Бо ҷигарсӯхтагон ёр набудӣ ҳаргиз!

Бо ҷигарсӯхтагон ёр набудӣ ҳаргиз!
Ҷуз ҷафоҷӯю ситамгор набудӣ ҳаргиз!

Бо ҳама халқи ҷаҳон дар садади марҳаматӣ,
Ҷуз ба мо бар сари озор набудӣ ҳаргиз!

Чӣ диҳам шарҳ туро доғи гирифтории ҳаҷр,
Чун бад-ин доғ гирифтор набудӣ ҳаргиз?!

Ҳоли ҷон кандани танҳоии ман кай донӣ,
Чун ту як лаҳза дар ин кор набудӣ ҳаргиз!

Мо чу хорему ту гул, ваҳ, ки зи бас шавкати ҳусн
Дода доман ба кафи хор набудӣ ҳаргиз!

Мункири муътақиди худ шудаӣ дар ҳама умр,
Инчунин бар сари инкор набудӣ ҳаргиз!

Пардаи чашми ту ҳам буди ту омад, Ҷомӣ,
Бигзар аз буди худ, ангор, набудӣ ҳаргиз!

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Умр бигзашту рухат сер надидам ҳаргиз
Абдураҳмони Ҷомӣ Холист аз он рашки парӣ хонаам имрӯз
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз шавқи ту шӯрест аҷаб дар сарам имрӯз
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар канори тоси гардун зад ҳилол ангушт дӯш
Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳи уштурсавори ман, ки шуд рахши фалак пасташ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай карда зи ҳоли ман фаромӯш
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар лаб расид ҷон, ки ба ҷонон фиристамаш
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба соид то ниҳод он симбар доғ
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун ҷамоли худ ҳам андак худ тамошо кард ишқ
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР