Эй хати ту сабзии хони бало

Эй хати ту сабзии хони бало,
Холи сиёҳи ту нишони бало.

Лаъли лабат, к-он дили ман кард хун,
Хонамаш аз дарди ту кони бало.

Зоҳиди худбин ба умеди атост,
Ошиқи мискин нигарони бало.

Дод нишонам камарат з-он миён
Боз фитодам ба миёни бало.

Дур зи пеши ту бало з-они мост,
Пеши ту мо низ аз они бало.

Чун накашам оҳ, агар баркашӣ
Аз мижаҳо теғу синони бало.

Рӯ ба дуо ор зи чашмаш, Камол,
То раҳӣ аз фитна замони бало.