Абдураҳмони Ҷомӣ

Холист аз он рашки парӣ хонаам имрӯз

Холист аз он рашки парӣ хонаам имрӯз,
Занҷир биёред, ки девонаам имрӯз.

Таскин мадиҳедам, ки туро ёру надимем,
Хезед, ки ман аз ҳама бегонаам имрӯз.

Шояд, ки ба як сӯ шавам аз доираи ҷамъ,
К-аз шамъ ҷудо монда, чу парвонаам имрӯз.

То бу, ки барояд сухани ӯ ба забоне,
Аз ҳар тарафе гӯш ба афсонаам имрӯз.

Хона чӣ кунам бе рухаш, ай силсилаи ҳаҷр,
Бар сар фикан ин кулбаи вайронаам имрӯз!

Бошад, ки зи торикии ҳаҷрам бираҳонӣ,
Оташ фикан, ай оҳ, ба кошонаам имрӯз.

Сад донаи гавҳар зи мижа чун нафишонам,
Маҳрум аз он гавҳари якдонаам имрӯз?!

Ҳиҷрон диҳадам соғари пурзаҳр, ҳамоно,
К-аз хумми фалак пур шуда паймонаам имрӯз.

Бе мастию беҳушӣ аз ин ғам нараҳам боз,
Ҷомӣ, бинамо роҳ ба майхонаам имрӯз!