Эй зи ғамат дил ба ҷафо мубтало

Эй зи ғамат дил ба ҷафо мубтало,
Бе ту ба сад гуна бало мубтало.

Сокини кӯйи ту ба чанги рақиб
Чун ба саги хона гадо мубтало.

Ҳамчу дили хуншуда аз дасти туст
Бо рухи мо он кафи по мубтало.

Бо ту чӣ гӯям, ки чиҳо мекашад
Доим аз он зулфи дуто мубтало?

Ғуссаи хат ё ғами холат хурам,
Бин, ки шуд ин дил ба чиҳо мубтало.

Кард дар оина назар ҳусни ту,
Дид ба худ низ туро мубтало.

Ҳаҷр ба сар шуд ба ниёзи Камол,
Ёфт раҳоӣ ба дуо мубтало.