Эй саропардаи султони хаёлат дили мо

Эй саропардаи султони хаёлат дили мо,
Карда дарду ғами ту хона ба обу гили мо.

Сар ба фирдавс наёрем чу зулфи ту фурӯ,
То ба хоки сари кӯйи ту бувад манзили мо.

Мушкили мо даҳани туст, ки ҳаст он ё нест,
Ҷуз ба мантиқ лаби ту ҳал накунад мушкили мо.

Шамъ худро сазад, ар барнакашад чун қандил,
Шаб чу аз талъати худ нур диҳӣ маҳфили мо.

Бикун, эй шайх, дуое, ки бимирем ҳама,
То дигар нанги чунин хун накашад қотили мо.

Дида чандон ки биронад сухан аз гавҳари ашк,
Ёр дар гӯш наёрад сухани нозили мо.

Дид сели мижа дар пеши Камол он маҳу гуфт:
Дур ба доман барад, ар гиря кунад соили мо.