Аййуҳа-л-атшону фи-л-води-л-ҳаво

Аййуҳа-л-атшону фи-л-води-л-ҳаво,
Ҷӯй-ҷӯён ҷониби дарё биё.

Обро пеши даҳони ташнае
Қолати-л-аквобу қул қавлӣ лаҳо.

Аз «сақоҳум Раббуҳум» ибриқҳост
То ба лаб пеши лаби мову шумо.

Гиря то чанд аз аташ, эй нури чашм,
Пеши чашмат об, чашме баркушо!

Лав ваҷадта-л-хузра айнан ф-антабиҳ,
Кайфа юҳйи-н-нуну фӣ айни-л-бақо.

Аз «насийта-л-ҳут» агар ёдет ҳаст,
Ҳамчу он моҳӣ ба Хизрӣ ошно.

Гар талабгорӣ, машав дур аз Камол,
Лам туҷид баъдӣ валиян муршидо.