Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай карда зи ҳоли ман фаромӯш

Ай карда зи ҳоли ман фаромӯш,
Чун ҷон, ки кунад зи тан фаромӯш.

Гуфтам, ки бари ту қисса гӯям,
К-ин гуна макун зи ман фаромӯш.

Дидам рухи ту, зи дур кардам
Аз қиссаи хештан фаромӯш.

Бо ҷонканиям замона карда-ст,
Аз меҳнати Куҳкан фаромӯш.

Ҳар ҷо, ки мусофирест, карда
Дар кӯйи ту аз ватан фаромӯш.

Бо бӯйи ту карда ҷони Яъқуб
Аз Юсуфу пераҳан фаромӯш.

Карда ба ҳавои тарфи бомат
Мурғи чаман аз чаман фаромӯш.

Ҷомӣ суханат шуниду бар вай
Шуд қоидаи сухан фаромӯш.