Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро

Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,
Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро.

Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,
Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.

Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷон шав муқим,
Гар дар ин ҷойӣ в-ар он ҷо, дӯст медорам туро.

Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,
То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.

Гар набошӣ дӯстдорам, дӯст дорам ҳамчунон,
З-он ки ман бе ин таманно дӯст медорам туро.

Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,
Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.

Гуфтаӣ: Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.