Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро

Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро,
То дида диҳад об гулу сарви равонро.

Мапсанд бар он рух, ки фитад сояи гулбарг,
Гулбарг таҳаммул накунад бори гаронро.

Душвор кашад нақши ду абрӯйи ту наққош,
Осон натавонанд кашидан ду камонро.

Гуфтам, ки лабат зери ду дандон чу бигирам,
Дорам нигаҳаш? Гуфт: Нигаҳ дор забонро!

Ғайр аз дили ошиқ чу нашуд чизи бутон кам,
Ин турфа чӣ карданд даҳонрову миёнро?

Бӯсе зи лабаш, гуфт ба мову зақани ёр,
Шуд зомини он ваъда ҳам инрову ҳам онро.

Бигрифт Камол он зақан акнун ба тақозо,
«Оре, бадали хасм бигиранд замонро»*.


* Мисраъ аз Анварӣ аст.