Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо

Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо.
Ғам хур, эй дил, ки ба ҷуз ғам набувад дарх(в)ари мо.

Дардмандему хабар медиҳад аз сирри дарун
Даҳани хушку лаби ташнаву чашми тари мо.

Муфлисонем, ки дар давлати савдои ғамат
Ҳосили ҳар ду ҷаҳон ҳеҷ наярзад бари мо.

Гар ту дар миҷмараи ғам дили мо сӯзонӣ,
Ҳамчунон бӯйи ту ёбанд зи хокистари мо.

Мекунам шодӣ аз он рӯз, ки гуфтӣ ба рақиб,
К-ин гадоест, ки ҳаргиз наравад аз дари мо.

Дили мо гум шуду ҷуз бод наёбем касе,
Ки шавад ранҷаву орад хабари дил бари мо.

Сифати рӯйи ту чун дар қалам овард Камол,
Гул барад нусхаи ҳусн аз варақи дафтари мо.