Абдураҳмони Ҷомӣ

Чун ҷамоли худ ҳам андак худ тамошо кард ишқ

Чун ҷамоли худ ҳам андак худ тамошо кард ишқ,
Рафту номи ошиқу маъшуқ пайдо кард ишқ.

Буд ошиқ ботину маъшуқ зоҳир шуд ба акс,
Сирри ботинро чу дар зоҳир ҳувайдо кард ишқ.

Худ ба худ медид худро баҳри такмили зуҳур,
Бар ману ту ҷилва дар миръоти ашё кард ишқ.

Чун зи ашё ҳар яке миръоти исми дигар аст,
З-он мароӣ¹ бар дили мо кашфи асмо² кард ишқ.

Чун аз асмо ҳасбалимкон³ хатти худ бардоштам,
Рӯйи сери мо зи асмо дар мусаммо кард ишқ.

Хост то бинад ба чашми мо ҷамоли хешро,
Лоҷарам ҷо дар саводи дидаи мо кард ишқ.

То набинад дар ҳама кавну макон ҷуз нури ӯ,
Чашми Ҷомиро ба нури хеш бино кард ишқ.

¹ Мароӣ – ҷ. миръон; ойинаҳо.
² Асмо – айбҳо; хатоҳо.
³ Ҳасбалимкон – қадри имкон.