Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо?

Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо?
Ки дар ту кор накардаст дарди кории мо.

Шунидам он, ки кушодӣ забон ба дашномам,
Азизи ман, чӣ кушояд туро зи хории мо?

Гар, эй насим, шабе бигзарӣ бар он сари зулф,
Ба гӯши ӯ бирасон зикри беқарории мо.

Ҳазор бор ба ҷон бори меҳнатат бурдем,
Ба ҳеч барнагирифтӣ ту бурдбории мо.

Агарчи аз ду ҷаҳон кардаем қатъи умед,
Ба лутфу раҳмати ӯ ҳаст умедвории мо.

Сазад, ки зайли карам бар гуноҳи мо пӯшанд,
Ба рӯзи ҳашр чу бинанд шармсории мо.

Камол, аз саги кӯяш улувви ҳиммат бин,
Ки ор оядаш аз ҳамдамию ёрии мо.