GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ай орзуи ҷони ошиқ

Биё, ай орзуи ҷони ошиқ,
Давои дарди бедармони ошиқ.

Киромалкотибин нанвишта ҳарфе
Ба ҷуз ишқи ту дар девони ошиқ.

Агар фардо на дидори ту бошад,
Шавад боғи ҷаҳон зиндони ошиқ.

Ҳазорон Нӯҳро карда-ст ғарқа
Ба гирдоби фано тӯфони ошиқ.

Ба кунҷи фақру кӯйи номуродӣ
Агар як шаб шавӣ меҳмони ошиқ,

Кабоб аз дил, шароб аз дида бинӣ
Муҳайё сохта бар хони ошиқ.

Ба ҷуз хуни ҷигар ҳаргиз муроде
Ғамат нанҳод дар домони ошиқ.

Ба хоки куштагон он нест лола,
Алам зад оташи пинҳони ошиқ.

Бибин назми хуши Ҷомӣ, ки нашкуфт
Чунин гул ҳаргиз аз бустони ошиқ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ай зи сар то қадам ҷони пок
Абдураҳмони Ҷомӣ Маро то кай ҷигархун дорӣ, ай дил
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар авҷи ҳусн рӯйи ту моҳе бувад тамом
Абдураҳмони Ҷомӣ Хезед, ҳарифон, ки ба майхона дароем
Абдураҳмони Ҷомӣ Дардо, ки даромад ба дарат пой ба сангам
Абдураҳмони Ҷомӣ Не моҳманзаре, ки назарбозие кунам
Абдураҳмони Ҷомӣ Иди фитр аст, биё, то ба май ифтор кунем
Абдураҳмони Ҷомӣ Хуш он ки рӯйи ту бинам, дар изтироб шавам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба дил дарде аҷаб дорам, намедонам, ки чун гирям
Абдураҳмони Ҷомӣ Бархез, то ба азми тамошо бурун равем
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР