Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо

Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо
В-ин далқи гардхӯрда садпора бар тани мо.

Дил сокинӣ надорад бе хоки остонат,
Ин хоки остонат то ҳашр маскани мо!

Бо чашми хеш равшан дидан наметавонем,
То ту наменишинӣ бар чашми равшани мо.

Гуфтем: Теғ баркаш! Гуфтӣ: Гуноҳ бошад.
Бод ин гунаҳ ҳамеша аз ту ба гардани мо!

Дӣ мешудам дар он кӯ, омад нидо аз он сӯ,
К-эй ошиқи сару зар, магзар ба гулшани мо!

Донӣ, чӣ гуфт Исӣ бо ошиқони дунйӣ:
Чандин ҳиҷоб бинед аз ним сӯзани мо.

Шаб бо Камол, эй тан, дар хоб шав, ки он маҳ
Ояд ба дуздии дил аз бому равзани мо.