Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо

Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо,
Дареғо, ташналаб хоҳем мурдан бар лаби дарё!

Касе, к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад,
Дило, маъзур медораш, ки дорад чашми нобино.

Ба бӯйи васли ҷон мехур ғами ҳиҷрон, ки хуш бошад
Кашидан заҳмати хор аз барои роҳати хурмо.

Зи хуршеди ҷамоли ӯ шаби зиндадилон равшан,
Ба даври қадди ӯ бигрифт кори ошиқон боло.

Магӯ, к-арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ,
Ҷаҳон пур Шамси Табрез аст, марде ку чу Мавлоно?

Ба кунҷи эминӣ натвон нишаст аз чашму зулфи ӯ,
Ки дар ҳар гӯшае фитна-сту дар ҳар хонае ғавғо.

Ба ноаҳл ар нишон додӣ, Камол, аз хоки даргоҳаш,
Кашидӣ куҳли биноӣ, вале дар дидаи аъмо.