Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро

Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро,
Масту ғалтон суйи аҳли назар овард маро.

Хирқаи азрақи ман боз ба май гулгун шуд,
Ишқ ҳар дам ба дигар ранг даровард маро.

Дод беш аз дигарон ҷоми маям пири муғон,
Он тиҳӣ ношуда, ҷоми дигар овард маро.

Бода ҳарчанд ки хӯрдам зи лабаш, ташнатарам,
Ташнагӣ нуқлу шакар бештар овард маро.

Сухан аз мутрибу май гӯй ба ман, эй воиз,
Ки суханҳои дигар дарди сар овард маро!

Хоҳад омад ба сарам масту сабӯҳизада боз,
Саҳаре ҳотифи ғайб ин хабар овард маро.

Масту савдозада чун наргиси соқист Камол,
Мастӣ он май зи лаби чун шакар овард маро.