Чашмат ба ғамза кушт мани бегуноҳро

Чашмат ба ғамза кушт мани бегуноҳро,
Худ зулфро чӣ гӯяму холи сиёҳро.

Бо оҳу рӯйи зард зи холат шудем дур,
Бод омаду зи дона ҷудо кард коҳро.

Мардум зи маҳ ҳисоб гирифтанд солҳо,
Нагрифт дар ҳисоб ҷамоли ту моҳро.

Ҷавҳар, ки қиматист, кашандаш баэҳтиёт,
Ман ҳам ба дида мекашам он хоки роҳро.

Аз ҳиммати гадои ту бошад фурӯ ҳанӯз,
Бар арш агар кашанд шаҳон боргоҳро.

Султони ҳусн, гӯ, суйи дилҳо назар гумор,
Мулк они ӯст, к-ӯ бинавозад сипоҳро.

Номи Камол, хоҷа, ки дарвеш хондаӣ,
Дарвеш хондаӣ ба ғалат подшоҳро.