Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро

Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро,
Аз нолаи мурғон чӣ ғам он дилсиёҳ сайёдро?

Мардум ба даври рӯйи ту дар гиряанд аз оҳи ман,
Шарт аст борон рехтан дар мавсими гул бодро.

Гуфтӣ: Зи бунёд афканам онро, ки бар ман дил ниҳад,
Гар ҷурм ин бошад, нахуст аз ман бинеҳ бунёдро.

Ҳошо, ки аз ғамҳои ту ман-банда бошам дар гила,
Ҳаст аз ғамат озодагӣ ҳам банда, ҳам озодро.

Бӯсе ба ширинкорӣ ар кардам тарош аз ту, чӣ шуд?
Айбе набошад сӯйи худ теша задан Фарҳодро.

Зикри баланди қоматаш меоядам дар гӯши ҷон,
Эй порсо, оҳиста хон, баҳри Худо, авродро!

Манъи Камол аз ошиқӣ, ҷони бародар, кай тавон?
Панди падар монеъ нашуд расвои модарзодро.