Чашму абрӯи ту гӯянд, ки дар мазҳаби мо

Чашму абрӯи ту гӯянд, ки дар мазҳаби мо
Ҳақ бувад куштани ушшоқ алайҳ-ил-фатво.

Бо рақиб ар ба сари ман ту шабехун орӣ,
Ӯ маё, гӯ, ба сари ман ҳама вақте ту биё.

Масал аст ин, ки «Бувад дӯст фидои раҳи дӯст»,
Кушт ғам Вомиқу Маҷнун, ту бикуш низ маро!

Ҳар чӣ хоҳам ман аз он лаб, ту ба «ло» дафъ кунӣ,
Бахшише кун ба гадое, ки кунад дафъи бало.

Ҳама кас нози ту ҷӯянд, на чун ман ба ниёз,
Ҳама дашноми ту хоҳанд, на чун ман ба дуо.

Ба саломат чу нахоҳам, ки равад сӯйи ту бод,
Ҳайфам ояд, ки саломи ту фиристам ба сабо.

Қиссаи дарди ҷудоӣ чу нависем, Камол,
Дил ҷудо нола кунад, хома ҷудо, нома ҷудо.