Чу зулфи ту буд аз такассур дуто

Чу зулфи ту буд аз такассур дуто,
Ба боде бияфтод мискин зи по.

Кушудан зи зулфат гираҳ мушкил аст.
Дар ин шева мӯ мешикофад сабо.

Бикаш домани ҳусн чун гул ба ноз,
Ки бар қадди ту дӯхтанд ин қабо.

Кас ин хоки раҳ ҷуз ба мижгон наруфт,
Ба чашм аз пайи он равад тӯтиё.

Даҳони ту «мим» асту боло «алиф»,
Худо офарид ин ду аз баҳри мо.

Макун пеши мо зикри ҳалвои лаб,
Чу кардӣ, бикун раҳмате бар гадо.

Гадои дари мост гуфтӣ, Камол,
Чунин аст шай ли-л-Лаҳ, эй подшо!