Чӣ раҳо кунӣ ба шӯхӣ сари зулфи дилраборо?

Чӣ раҳо кунӣ ба шӯхӣ сари зулфи дилраборо?
Ки аз ӯ ба ҳам барорӣ ҳама вақт ҳалқаҳоро.

Шабу рӯз ғайри дурдӣ нахӯрам бар остонат,
Ки давои хубрӯён нарасад мани гадоро.

Ба дусад адаб бар он дар чу хатост баргузаштан,
Ҳаракоти номуносиб зи чӣ рӯ бувад саборо?

Нашавад зи гарди фитна сари кӯйи дӯст холӣ,
Ба ду зулф агар бирӯбад ҳама умр хоки поро.

Чӣ диҳӣ дилам ба чашмат зи балои худ амонат?
Ба ато макун ҳаволат, ба бало супор моро.

Чӣ ба дасти хеш теғам бизанӣ, даме раҳо кун,
Ки зи соидат бигирам ба ҳавола хунбаҳоро.

Мадиҳед, гӯ, табибон ба Камол марҳами ҷон,
Чу супурд ҷон ба ҷонон, чӣ кунад дигар даворо?