Ҳалол бод майи хулду ҳур зоҳидро

Ҳалол бод майи хулду ҳур зоҳидро,
Ки вогузошт ба риндон шаробу шоҳидро.

Мабур зи гардани сӯфӣ қилодаи тасбеҳ,
Гузор, то бибурад гардани муқаллидро.

Зи фикру зикру риёзат димоғро халал аст,
Бигир ҷому бимон фикрҳои фосидро!

Ба рағми зоҳиди худбин чу май кашам аз ҷом,
Зи обгина кашам мил чашми ҳосидро.

Машав ба майкада ғоиб зи чашми пири муғон,
Ки бо мурид назарҳост пири муршидро.

Аҷаб, ки шаҳна нагашт аз имоми мо воқиф,
Ки харҷ кард ба май вақфҳои масҷидро.

Камол, лофи ибодат мазан, ки чашми бутон
Ба як назар барад аз раҳ ҳазор обидро.