Доми дилҳост зулфи дилбари мо

Доми дилҳост зулфи дилбари мо,
Хонамаш дома зиллаҳу абадо.

Сайд аз он доми зулф чун биҷаҳад,
З-он ки домест печ-печу дуто.

То ҷудо сохтӣ зи банд ду зулф,
Дили ман сохтӣ зи банд ҷудо.

Гаҳ кашам нозу гаҳ кашам зулфат,
Бинигар, к-аз ту мекашем чиҳо?

Рехт хунҳои тоза дар кӯят,
То буриданд сар ду зулфи туро.

Гӯяд он зулф «ло», чу хоҳам васл,
Чанд гӯяд сиёҳрӯ ло-ло?

Хоки роҳи ту шуд Камолу ту зулф
Ҳам накардӣ ба хоки роҳ раҳо.