GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 55. Хами зулфи ту доми куфру дин аст

Хами зулфи ту доми куфру дин аст,
Зи користони ӯ як шамма ин аст.

Ҷамолат мӯъҷизи ҳусн аст, лекин
Ҳадиси ғамзаат сеҳри мубин аст.

Зи чашми шӯхи ту ҷон кай тавон бурд?
Ки доим бо камон андар камин аст.

Бар он чашми сияҳ сад офарин бод,
Ки дар ошиқкушӣ сеҳрофарин аст.

Аҷаб илмест илми ҳайати ишқ,
Ки чархи ҳаштумаш ҳафтум замин аст.

Ту пиндорӣ, ки бадгӯ рафту ҷон бурд,
Ҳисобаш, бо киромулкотибин аст.

Машав, Ҳофиз, зи қайди зулфаш эмин,
Ки дил бурду кунун дар банди дин аст.

Ҳофизи Шерозӣ 56. Дил саропардаи муҳаббати ӯст
Ҳофизи Шерозӣ 57. Он сияҳҷарда, ки ширинии олам бо ӯст
Ҳофизи Шерозӣ 58. Сари иродаи мо в-остони ҳазрати дӯст
Ҳофизи Шерозӣ 59. Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст
Ҳофизи Шерозӣ 60. Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст
Ҳофизи Шерозӣ 61. Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст
Ҳофизи Шерозӣ 62. Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст
Ҳофизи Шерозӣ 63. Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст
Ҳофизи Шерозӣ 64. Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист
Ҳофизи Шерозӣ 65. Хуштар зи айши сӯҳбату боғи баҳор чист?
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР