Дил бурдию дин, равост инҳо

Дил бурдию дин, равост инҳо,
Эй ҷону ҷаҳон, чиҳост инҳо?

Бандам зи ғамат ҷудо шуд аз банд,
Аз ҷавру ситам ҷудост инҳо.

Гуфтӣ: Диҳамат ҳазор дашном,
Дашном магӯ, дуост инҳо.

Хоки раҳу гарди по-ш гирд ор,
Эй дида, ки тӯтиёст инҳо.

Бар рӯйи ту холҳои мушкин,
Бар дил ҳама доғҳост инҳо.

Чашми хушу холи хуш, хати хуш,
Аз ҷумла бутон кирост инҳо?

Дил шуд зи Камол ғоибу ақл,
Гар нест ба ту, куҷост инҳо?