Дилам рафту гум шуд дар он кӯ маро

Дилам рафту гум шуд дар он кӯ маро
Тавон ёфт, гар ӯст дилҷӯ маро.

Сабо омаду ақл рафтам ба бод,
Зи зулфи кӣ овард ин бӯ маро?

Рақибаш бадам гуфту донист рост,
Дареғо, надонист некӯ маро.

Маро оқибат хоҳад он ғамза кушт,
Чунин гар набошад, бикуш, гӯ, маро.

Маяфкан дигар куштани ман ба ҳаҷр,
Ки бисёр шуд миннати ӯ маро.

Чу бо ман нахоҳад, ки бӯяш расад,
Чаро зинда дорад ба ин бӯ маро?

Камин бандаи мост, гуфтӣ, Камол,
Кам аст ин қадар, беш аз ин гӯ маро.