Дил мекашад ба доғи ту ҳар лаҳза синаро

Дил мекашад ба доғи ту ҳар лаҳза синаро,
Доғе бикаш ба сина ғуломи каминаро.

З-он сон, ки мушк зулфи туро сар ниҳодааст,
Гарданкашӣ чарост ба ту анбаринаро?

Тарсам бар абруи ту ниҳодан дили заиф,
К-аз тоқҳо шикаст фитад обгинаро.

Холи рухат зи банда бидуздид ақлу дин,
Шаб бо чароғ ёфт матоъи дафинаро.

Дар лутф агарчи нақши даҳону лабат якест,
Мо чашм кардаем зи хотам нигинаро.

Дурҳост дар сафинаи шеърам, ки пеши шоҳ
Онҳо кашам, ба банда бибахшад хазинаро.

Шоҳ аз ту гар сафина талаб мекунад, Камол,
Бояд равона кард ба дарё сафинаро.