Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро

Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро.

Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чора дарди бедавои дӯстро.

Чун муроди дӯст ҷон афшондан аст аз баҳри дӯст,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дӯстро!

Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дӯстро.

Гар бадал кардӣ ба сад фирдавс гарди кӯйи дӯст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дӯстро.

Дастбӯси дӯст мехоҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн,
Дасти олуда нашояд марҳабои дӯстро.

Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.