Дӯш аз дари майхона бидидем ҳарамро

Дӯш аз дари майхона бидидем ҳарамро,
Май нӯшу бибин фусҳати майдони карамро.

Фармони хирад бар дили ҳушёр нависанд,
Ҳукме набувад бар сари девона қаламро.

Эй маст, гар афтӣ ба сари турбати шоҳон,
Муштоқи лаби ҷом биёбӣ лаби Ҷамро.

Пойи ситам аз соҳати ҷон гард баровард,
Биншину ба май бознишон гарди ситамро.

Чангат хабар аз роҳи тараб дод, зи пирон
Бишнав сухани рост, мабин пушти бахамро.

Дар шиша гар аз май камие ҳаст, ғаме нест,
Лекин ғами бисёр бувад давлати камро.

Субҳ аст Камолу маю овози хуши най,
Бархезу ғанимат шумар ин як-ду-се дамро.