Абдураҳмони Ҷомӣ

Намехоҳам, ки бо кас рози он паймонгусил гӯям

Намехоҳам, ки бо кас рози он паймонгусил гӯям,
Хаёлашро нишонам пешу бо ӯ рози дил гӯям.

Зи сар то по ҳама ҷону дил омад он парипайкар,
Маозаллаҳ, ки ҳамчун дигаронаш з-обу гил гӯям.

Нишони қасди ман набвад ҷуз он турки ҷафопеша,
Гар аз хубони Чин ё шӯхчашмони Чигил гӯям.

Шавам бебода маст аз шеваи турконаи чашмон-ш,
Дар он мастӣ чу бинам қоматашро, муътадил гӯям.

Кунад даъвӣ, ки ҳастӣ бандаам в-он хатти мушкинро
Чу бинам бар узори ӯ, бар ин даъвӣ сиҷил гӯям.

Суханро ҷаста-ҷаста гӯям аз меҳроб бо обид,
Валекин чун дарафтад з-он ду абрӯ, муттасил¹ гӯям.

Ба рӯйи сурх кам кун васф, Ҷомӣ, лолаву гулро,
Ки ман пеши рухаш ин сурхрӯёнро хиҷил гӯям.

¹ Муттасил – пайваст.