Дӣ, чоштгаҳ, зи чеҳра фикандӣ ниқобро

Дӣ, чоштгаҳ, зи чеҳра фикандӣ ниқобро,
Шарманда сохтӣ ҳама рӯз офтобро.

Теғи туро чӣ ҳоҷати рухсат ба хуни мост?
Бар ҳалқи ташна ҳукм равон аст обро.

Бинем чашми масти ту бемору сарнигун,
Инҳост шева мардуми бисёрхобро.

Дил сӯхт дар самоъу намеистад зи чарх,
Рақсест гарм бар сари оташ кабобро.

Эй пардадор, ҳоли дилам бину арза дор
Бо шаҳрёр қиссаи шаҳри харобро.

Ошиқкушӣ савоб бувад дар китоби ишқ,
Он шӯх ҳам зи даст надод ин савобро.

Гуфтӣ маро: Ба сурати ман ошиқӣ, Камол?
Сурат надида чун бинависам ҷавобро?