Абдураҳмони Ҷомӣ

Бе худ фитам, ҳар ҷо равон он қадди раъно бингарам

Бе худ фитам, ҳар ҷо равон он қадди раъно бингарам,
Чун бигзарад, хезам, нишон бар хок аз по бингарам.

З-он ҷо, ки рӯзе дидамаш, бошам гурезон, чун кунам?
Бе ӯ набошад тоқатам, к-он ҷо равад, ҷо бингарам.

Аз дидани ӯ чун маро монеъ шавад девору дар,
Гирён зи шаҳр оям бурун, гулҳои саҳро бингарам.

Хоҳам ба тӯфони бало олам тиҳӣ аз дигарон,
То гаҳ-гаҳе он рӯйро бошад, ки танҳо бингарам.

Мемирам аз як диданаш, ҳон, ай рақиб, аз марги ман
Мехоҳӣ, аз рухсори ӯ бурқаъ бикаш, то бингарам!

Имрӯз дидам рӯйи ӯ, мушкил, ки то фардо зиям,
Чандон амон деҳ, ай аҷал, то бахши фардо бингарам!

Он-ч аз ғами ӯ мекашам, ҳошо, ки аз вай чун раҳам,
Бар кӯйи хубон бигзарам, дар рӯйи зебо бингарам.

Бо оҳи худ дорам ҳавас ҳар шаб шудан бар осмон,
То бе лаби ҷонбахши ӯ ҳоли Масеҳо бингарам.

Ҷомӣ, набинам ҳосиле дар кӯйи ӯ ушшоқро,
Ҷуз оби чашму дуди дил, чун зеру боло бингарам.