Шаб суйи мо ҳаваси омадан аст он маҳро

Шаб суйи мо ҳаваси омадан аст он маҳро,
Дидаҳо, пок бирӯбед ба мижгон раҳро.

То ту бар гӯшанишинон гузарӣ, чашму мижа
Обу ҷорӯб зада савмааву хонқаҳро.

Ба чӣ мансуба надонам, ки баремат ба висоқ,
Ту шаҳӣ, менатавон бурд ба бозӣ шаҳро.

Ҷони мо беш масӯзон, чу баровардӣ хат,
Дуд бархост, манеҳ бар сари оташ каҳро!

Бе садои саҳарӣ мурғи саҳар бедор аст,
Ҳоҷати бонг задан нест дили огаҳро.

Ҷӯяд аз суҳбати мо зоҳиди пурҳила гурез,
Тоқати панҷаи шерон набувад рӯбаҳро!

Мабур он зулф, ки ёдаш шаби мо кард дароз,
Ошиқон дӯст надоранд шаби кӯтаҳро.

Гашт рангин зи сухан дафтари ашъори Камол,
Гӯ, ба сурхӣ манависед «ва айзан лаҳ»-ро.