Тоқати дарди ту з-ин беш надорам, ёро

Тоқати дарди ту з-ин беш надорам, ёро,
Чорае кун ба назар дарди дили шайдоро.

Ҳаваси рӯи туам кард парешонаҳвол,
Зулфат андохт магар дар дили ман савдоро?

Ҳар касеро зи лабат лаззати ҷон ҳосил шуд,
Коми безавқ чй донад мазаи ҳалворо?

Тоқати ханда надорад лабат аз ғояти лутф,
Ба сухан ранҷа макун он лаби шаккархоро.

То кунад боди сабо ғолиясой ба чаман,
Барфишон бар сари гул сунбули анбарсоро.

Васфи рӯи ту Камол ар накунад, нуқсон нест,
Набувад ҳоҷати машшота рухи зеборо.