Тариқи ишқ меварзӣ, раҳо кун дину дунёро

Тариқи ишқ меварзӣ, раҳо кун дину дунёро,
Халоси хеш меҷӯӣ, маҷӯ номусу даъворо.

Ба нури ақл натвон рафт роҳи ишқ, эй оқил,
Зи Маҷнун пурс, агар дорӣ тариқи ҳайи Лайлоро.

Зи оҳи синаи ушшоқ зулмотӣ шавад ризвон,
Агар дар равза нанмоӣ ба мо нури таҷаллоро.

ҳавои сарви болои ту дорад ростӣ в-ар не,
Барои ҳимаи дӯзах баранд аз равза Тӯборо.

Биёро равзаи ризвон ба рӯи худ, ки бе рӯят
Зи дӯзах бознашносад касе фирдавси аълоро.

Ту то суратпарастӣ, аҳли маъниро куҷо бинӣ,
Ба чашми аҳли маънӣ метавон дид аҳли маъноро.

Камол, аз ғояти риндӣ агар ёбад харидоре,
Ба ҷойи бода бифрӯшад салоҳи зӯҳду тақворо.