Карданд сайд он зулфу рух дилҳои беоромро

Карданд сайд он зулфу рух дилҳои беоромро,
Баҳри шикори булбулон бар гул ниҳодӣ домро.

Пеши гули андоми ту дорад гул андоме, вале
Лутфе набошад ончунон андоми беандомро.

Соқӣ, расид айёми гул, холист аз май ҷоми мул,
Он беҳ, ки дар давре чунин холӣ надорӣ ҷомро.

Гуфтӣ: Диҳемат оқибат май аз кафи симини худ,
Ман сӯхтам, то кай диҳӣ он ваъдаҳои хомро?

ҳусни ҷаҳонгират чу кард он зулф дур аз пеши рӯ,
Додӣ ба яғмо Румро, кардӣ парешон Шомро.

Ӯ зулф бишкасту Камол аз тавбаву зӯҳду вараъ,
Зуннор чун бубрид ёр, ӯ ҳам шикаст асномро.