Абдураҳмони Ҷомӣ

Гавҳари ноёбию ман баҳри ту ҷон меканам

Гавҳари ноёбию ман баҳри ту ҷон меканам,
Кони ту ҷон асту чун ҷон меканам, кон меканам.

Бар лаби ту даст судам дӣ, на дандон в-ин замон
Мекунам з-он ёду дасти худ ба дандон меканам.

Дар дили ушшоқ пайкони ту чун шуд в-ин ҳама
Синаи худро ба нохун баҳри пайкон меканам.

Бе ту вайрон беҳ ҷаҳон, гар з-он ки дастам медиҳад,
Хишти меҳру моҳ аз ин фирӯзаайвон меканам.

Мехурам бар дил хадангат, ҷони ғамгин медиҳам,
Шоҳи давлат менишонам, бехи ҳирмон меканам.

Мекунам омода куҳли дидаву атри кафан,
Аз дарат хоке, ки шаб пинҳон зи дарбон меканам.

Гӯ, аҷал ҷайбам бидар, пайванди умри ман бас аст
Риштаи пероҳанат, к-аз тарфи домон меканам.

Аррабарсар будаам умре, ки акнун гоҳ-гоҳ
Шонасон торе аз он зулфи парешон меканам.

Мекунам як-як варақ девони Ҷомиро шумор,
Ҳар чӣ мебинам на дар васфат, зи девон меканам.