Каъбаи кӯяш мурод аст ин дили овораро

Каъбаи кӯяш мурод аст ин дили овораро,
Бо муроди дил расон, ё Раб, мани бечораро.

Дил дар он кӯ рафту шуд овора, ман ҳам меравам,
То аз он оворатар созам дили овораро.

Дар миёни хору хоро гар ту ҳамроҳи манӣ,
Гул шиносам хорро, дебо шуморам хораро.

Гар аз он доман ба ин дарвеш васле мерасид,
Порае медӯхтам ин далқи пора-пораро.

Сӯйи зулфаш рафтаму дидам, ки дар банди дил аст,
Ҷуз мани шабрав кӣ донад макри ин айёраро?!

Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро?