GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Соқӣ, баромад абри баҳорон

Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.

Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад бар кӯҳсорон.

Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳар чун шабзиндадорон.

Саҳро гирифтанд хилватнишинон,
Паймон шикастанд парҳезгорон.

Хуш он ки гирад чун лола соғар
Бар рӯйи сабза бо гулузорон.

Карда бунафша бар фавти фурсат,
Дуроҳа нилӣ чун сӯгворон.

Ҷомӣ, ҳамуш кун, к-он тозагулро
Ҳамчун ту булбул бошад ҳазорон!

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман
Абдураҳмони Ҷомӣ Соқиё, хез, ки чун доси зар омад маҳи нав
Абдураҳмони Ҷомӣ Он тундхӯ, ки омад хун рехтан фани ӯ
Абдураҳмони Ҷомӣ То намуда-ст сар аз тарфи кулаҳ кокули ту
Абдураҳмони Ҷомӣ Хуршеду моҳро чӣ баробар кунам ба ту?
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай зи сунбул хатти ту бар гул ниқоб андохта
Абдураҳмони Ҷомӣ Шоҳиди гул боз зангорӣ ниқоб андохта
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаст анҷумани мо чамане пургулу лола
Абдураҳмони Ҷомӣ Вақти гул тарки маю ҷом, ки чӣ?
Абдураҳмони Ҷомӣ Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР